Санаи 18- августи соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи Дӯстӣ-и ноҳия рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси ноҳияи Ҷайҳун Шерализода Искандар, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, Шабакаҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, кормандони беморхонаи марказӣ ҳамчунин собиқадорони соҳаи тандурустӣ ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Шерализода Искандар суханронӣ намуда, як қатор кормандон ва собиқадорони соҳаи тибро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуда, тамоми кормандони соҳаи тибби ноҳияро табрик намуда дар кору фаъолияташон бурдбориҳо таманно намуданд.

