ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Санаи 25-уми августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №53-и ноҳияи Ҷайҳун машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун-33 Иброҳимзода Неъматулло, муовини раиси ноҳия Бахдавлатзода Гулбаҳор, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо гузаронида шуд.

Сараввал меҳмонон бо дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия ва маҳсули дастии омӯзгорону хонандагон шинос шуданд.

Сухани табрикотиро муовини раиси ноҳия Бахдавлатзода Гулбаҳор оғоз намуда, дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ба тамоми омӯзгорон бурдбориҳо таманно намуданд.

Сипас Иброҳимзода Неъматулло вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд намуд, ки Роҳбарияти Олии кишвар ба соҳаи илму маориф ҳамчун сохтори муҳимтарини давлат эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар ин замина мунтазам барои беҳтар гардонидани базаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои кормандони соҳа, инчунин беҳтар кардани шароити илмомӯзии наврасону ҷавонон тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор командони соҳаи маориф ва хонандагони фаъоли ноҳия бо Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.