Ҳозиринӣ гиромӣ !
Сараввал бо камоли ифтихор ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бо фарорасии ин ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ 35 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда ба Шумо пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори неку осоишта ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Сиву панҷ сол муқадам миллати соҳибфарҳангу тамадунофари тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин руйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири таърих мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ интихоб гардида, дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама хусусиятҳои давлатдории муосир арзӣ ҳастӣ намудааст. Дар баробари ин қайд намудан ҷоиз аст, ки Истиқлолият рамзи ягонагӣ, озодӣ, ифтихору номус ва соҳибдавлатию ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик буда, низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро он мустақилона муайян менамояд.
