Санаи 21-уми январи соли 2026 бо иштироки роҳбарони гурӯҳҳои корӣ муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Шерализода Искандар бо сокинони деҳаи Ҳофизи Шерозӣ Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ” дар мавзӯъҳои мубрами рӯз сӯҳбату вохӯрӣ доир намуд.
Дар ин вохӯриҳо аъзоёни гурӯҳҳои корӣ, раиси Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» Носирзода С, мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллӣ Зарипов Зайниддин ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Одиназода Эмомиддин иштирок ва аз рӯи мавзӯъҳои нақшавӣ суханронӣ намуданд. 

